Дар Франсия собиқ президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини дар доираи тафтиши парванда оид ба қонуншиканиҳои имконпазири коррупсионӣ зимни интихоби макони баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре Медуза менависад, ҳабс субҳи рӯзи 18 июн сурат гирифтааст. Дар доираи тафтишот, тибқи маълумоти Mediapart, ҳамчунин сиёсатмадори фаронсавӣ Клод Геан, ки замони президентиии Николя Саркози ба ҳайати девони вазирони кишвараш шомил буд, низ бозпурсӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) моҳи декабри соли 2010 Қатар ба баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ҳуқуқ пайдо кард. Ҳамон вақт ҳаққи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ба Русия дода шуд.

Аллакай дар моҳҳои нахустини баъди қабули чунин қарор дар матбуоти англисӣ нашри маводи тафтишотие шурӯъ шуд, ки дар бораи мавҷуд будани таркибҳои ҷинояти коррупсионӣ зимни интихоби кишвари мизбон маълумот медоданд.

ФИФА ба комиссияи мустақил дастур дод, ки дар бораи эҳтимол ҷой доштани далелҳои имконпазири коррупсия тафтиш гузаронад. Соли 2014 эълон шуд, ки далелҳои маслиҳати коррупсионӣ дарёфт нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.