Давоми рӯзҳои 23-27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи X байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегардад,

Гуфта мешавад, дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва ИМА дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Қувваозмоиҳо дар корти тенниси “Роҳи оҳан” доир мегарданд.

Хотиррасон мешавад, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо мақсади муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон баргузор мешавад.

Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибон 1000 доллари ШМА, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.