Дар Лаҳистон (Полша) мусобиқаи ҷаҳонии гуштии камарбандӣ бо иштироки паҳлавонони 26 кишвари дунё дар вазни мутлақ (боло аз 100 кг) баргузор гардид. Духтари тоҷиктабор Дилдора Раҳмонова аз деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Тавре Қодиршои Мурувват дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, Дилдора Раҳмонова чемпиони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ мебошад.
Дилдора аз ҷониби роҳбарияти вилояти Бодкен, ноҳияи Қадамҷой ва деҳшӯрои Учқӯрғон, сокинони маҳаллӣ, хурду калони деҳа бо гулдаставу офаринҳои бешумор истиқбол шудааст.
“Тавре Мавлонҷон Абдураззоқов – муовини якуми раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар додааст, ки Дилдора Раҳмонова тоҷиктабор буда, падараш Ғулом-ака Раҳмонов як умр дар системаи кишоварзии деҳшӯрои Учқӯрғон кору заҳмат мекашад ва аз ин дастоварди навбатии фарзанди худ мамнуну сарфароз мебошад”, - навиштааст Қодиршои Мурувват.

“Соли 2016 Дилдора беҳтарин варзишкори Қирғизистон эълон гардида буд ва он замон нахуствазири кишвар Сооронбай Жээнбеков, ки ҳоло президенти Қирғизистон мебошад, барояш ҷоизаро тақдим карда буд”, - афзуд ӯ.
Зимни вохӯрии чемпион аз номи ҳукумати деҳшӯрои Учқӯрғон ба Дилдора маблағи 50 ҳазор сом ҳадя тақдим шуда, аз ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ низ қарор аст ҳадяҳо барояш супурда шаванд.
Деҳшӯрои Учқӯрғон яке аз минтақаҳои сарсабзу пешрафтаи Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ҳудуди 27 ҳазор нафар тоҷикон кору зиндагӣ доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста