Мунтахаби футболи занонаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ва Ҳисор ҷараён дорад, пирӯзии навбатӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Туркманистон вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 дастболо шуданд.

Бозии асосии даври чоруми чемпионати CAFA-2019 байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбоздухтарони ӯзбек анҷом ёфт.

Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Қирғизистон тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Пеш аз як давр то анҷоми мусобиқа мунтахаби Ӯзбекисон бо касби 12 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқа шуд. Зинаҳои дуюму сеюмро дастаҳои Эрон (9 имтиёз) ва Тоҷикистон (7 имтиёз) ишғол мекунанд.

Бозиҳои даври охири мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 28-уми ноябр баргузор мешаванд: Тоҷикистон - Ӯзбекистон, Қирғизистон - Туркманистон ва Эрон - Афғонистон.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни тимҳои олимпии занонаи синни зери 23-сола як давр бо вохӯриҳои дастаҳо байни ҳамдигар доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумори бештари имтиёзҳои гирифта муайян мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.