Дар мусобиқаи байнулмилалии “European Open Cup” (“Ҷоми кушоди Аврупо”) аз рӯйи намуди Ушу 10 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок карда, соҳиби 39 медал шуданд.
“Ҷоми кушоди Аврупо” аз рӯйи намуди Ушу моҳи равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Дар ин қувваозмоӣ 59 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Олмон, Белгия, Латвия, Литва, Эстония, Италия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ варзишгарони тоҷик соҳиби 4 ҷом, 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои беҳтарин арзёбӣ мешавад.
“Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарон Манзура Каримова, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Аббос Ҷӯраев, Хадича Ҷалолова, Бишарифа Саидолимова, Рухшона Аҳурова, Нигина Ҷалолова, Фирӯза Баҳодурова ва Нозанин Хуршедзода тавонистанд маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ баланд бардоранд”, - гуфт Мирзодалерхон Хуршедзода, сармураббии дастаи яккачини Ушу дар Тоҷикистон.
Ҳамчунин моҳи июни соли ҷорӣ 8 варзишгари вилояти Суғд дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи намуди Ушу, ки дар Чин доир гардид, ширкат варзида, 11 медал, аз ҷумла, 1 тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста