Зери сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе нахустин мусобиқаи футзал байни духтарони синни то 19-сола баргузор мешавад.

Аз 24 то 29 январ 6 даста – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон барои дарёфти пурқувваттарин тими минтақа рақобат мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар пойтахт доир мегарданд.

Дар мусобиқаи CAFA-2020 оид ба футзал байни духтарони синни то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ гузаронида мешавад. Мусобиқа бо як низоми даврӣ баргузор шуда, ғолиб аз рӯйи шумори имтиёзҳои гирифтааш муайян мешавад.


Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мунтахаби футзали занонаи ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.