Дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО, AFC)-2020 дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота, барандаи Ҷоми Қирғизистон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  барои ҳозир нашудани дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ба бозӣ бо “Нефтчӣ”, ки бояд рӯзи 5 феврал дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир мегардид, тими “Аҳал”-и Туркманистон, дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа маҳрум шуд.

“Аҳал” аз КФО дархост кард, ки бозиро бинобар сабаби вазъ бо коронавирус ба вақти дигар гузаронанд, зеро Қирғизистон бо Чин ҳамсарҳад аст, лекин КФО посух дод, ки ба вохӯрӣ дар Ҷалолобод чизе таҳдид намекунад ва бозӣ бояд дар вақти таъиншуда баргузор гардад.

Аз ин рӯ, дар марҳилаи плей-офф барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” бо ҳам рақобат мекунанд. Бозии аввал рӯзи 19 феврал дар Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ рӯзи 26 феврал дар Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ аз рӯйи натиҷаҳои ду бозӣ, дастаи ғолиб ба иштирок дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «D» ҳамроҳ бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) ҳуқуқ пайдо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.