Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе имрӯз, 21-уми июл бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, лоиҳаи онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Русия таҳия кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Ба корҳои сохтмону васлкунӣ дар маҷмааи варзишӣ зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардида, баробари ба истифода додани он беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Ба раисҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад. Он дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад. Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква - аэробика - рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст. Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

1/33

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст. Он дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ насб шудааст. Мутахассисони федератсияҳои мазкур ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ шудани маҷмаа тавсияҳо додаанд. Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода, раисҷумҳур аз Қасри теннис боздид кард. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад. Дар он 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгарон, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт мавҷуд аст.

Ошёнаи дуюми Қасри теннис аз толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин иборат аст. Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Бо назардошти он, ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.

Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои раисҷумҳур ва иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд мешавад.