Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу анҷоми варзишӣ тақдим шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ маҷмӯи либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно супурда шуд.
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.
“Ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуд, - иброз дошт Сураҷ Чоршанбиев. - Дар вилоят инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст. Варзишгарони мо дар арсаҳои байнулмилалӣ қувваозмоӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Барои дастгирӣ ба Рустами Эмомалӣ изҳори сипос мекунем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Қаҳвахона ва тарабхонаҳои писандидаи муҳоҷирон дар Маскав баста мешаванд
7 медали Тоҷикистон. Ҷадвали ғолибони мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2024” маълум шуд
Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста