Паҳлавонони риштаи самбои Тоҷикистон, ки барои ширкат дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон мушкил дарёфти раводид доштанд, раводидро дарёфт кардаанд. Қарор аст ин паҳлавонон аз тариқи Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белгарди Сербистон парвоз кунанд. Қаҳрамони самбои ҷаҳон имсол аз 5 то 8 ноябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон мегузарад.
Ҳарчанд гуфта мешуд, ки Тоҷикистонро имсол панҷ паҳлавон намояндагӣ мекунад, вале ҳоло танҳо Комроншоҳ Устопириён ва Акмалиддин Каримов озими Тошканд шудаанд.
Хушқадам Хусравов қаҳрамони самбои ҷаҳон, ки бояд имсол ҳам Тоҷикистонро дар ин сабқат дар вазни 62 кг намояндагӣ мекард, шояд ба далели мушкилоти молиявӣ имсол ширкат накунад. Талошҳои мо барои пайдо кардани Хушқадам Хусравов натиҷа надод, вале яке аз надикони Хушқадам ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ҳоло ин паҳлавон барои рафтан ба Сербистон мушкили молиявӣ дорад".
Аммо Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон мегӯяд, ки барои фиристодани паҳлавонон мушкили молиявӣ вуҷуд надорад. "Ҳар касе муроҷиат кард мо масъалаи молиявияро ҳал кардем, Хушқадам ҳам агар муроҷиат кунад ҳал мекунем. Вале то ҷойе ман медонам мушкили Хушқадам дарёфти иҷоза аз ҷойи кораш аст",-гуфт Носир Бозор.
Чанд рӯз пештар Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири Федератсияи самбои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки ниҳоди онҳо ҳанӯз масъалаи молиро баррасӣ накардаст. “Агар визаро дарёфт кунунд, ин масъаларо бад мебинем. Зеро ин масъаларо Федератсия муштаракан бо Кумитаи ҷавонону варзиш ҳал мекунанд. Ҳоло чизе мушаххас нест”,-гуфта буд дабири федератсия.
Ҳоло тибқи иттилои дарёфтӣ Комроншоҳ Устопириён ва Акмалиддин Каримов дар роҳ ба сӯйи Тошканданд ва қарор аст имшаб ба Истамбул парвоз кунанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Узбекистон дархост карда буд, ки иҷоза бидиҳад самбокорони тоҷик дар ин давраи ҳамагирии коронавирус аз ин кишвар парвоз кунанд. Ӯзбекистон ин иҷозаро ба паҳлавонони тоҷик додааст.
Дар назар буд имсол аз Тоҷикистон дар сабқати Қаҳрамонии самбои ҷаҳон панҷ паҳлавон: Акмалиддин Каримов вазни -57, Хушқадам Хусравов вазни -62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни -90 миёни бузургсолон ва Шердил Мусоев дар вазни -74-и ҷавонону Самеъҷон Абдушукуров вазни -87-и наврасон ширкат кунанд.
Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар додааст, ки сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус 30 кишвар дар сабқати Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста