Рӯзи 21 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз даврини ниҳоии мусобиқаи куштии ҷоми "Пойтахт-2021" баргузор шуд. Ба ғолибон дар вазнҳои -65, -75, -90 ва 95+ кг яктои автомашинаи Toyota тақдим карда шуд.

Ин қувваозмоиҳои сабқати паҳлавонӣ барои дарёфти ҷоизаҳои “Ҷоми Пойтахт-2021” мебошад.

1/9

Дар вазни 65 кг барои дарёфти зинаи аввал ва соҳиби автомашинаи Toyota шудан Абӯбакр Боқиев ва Алиҷон Сафаралиев рақобат карда, Боқиев, писари Рустам Боқиев аз оилаи варзишгарони маъруф Боқиевҳо пирӯз шуд.

1/2

Дар вазни 75 кг гӯштингир аз дастаи “Хатлон-1” Мирзоҷамил Рамазонов пирӯз шуд. Дар қувваозомии ниҳоӣ ӯ Амонулло Азимови ҳамдастаашро мағлуб кард.

1/3

Дар вазни 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов намояндаи шаҳри Душанбе ба Ҳамроз Раҷабов дастболо шуд.

Дар вазни +95 кг Тимур Раҳимов ба Маҳмадбек Фарҳодов пирӯз гардид.

Аксҳо аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Ба ҳамаи ғолибон автомобили Toyota тақдим карда шуд. Барои ишғоли зинаи 2-юм гӯштингирон 10 ҳазор сомонӣ ва зинаи 3-юм – 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.