Имрӯз дар Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола (U-16) оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Чемпионати CAFA байни наврасон (U-16) имрӯз дар Душанбе бо вохӯрӣ байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон шурӯъ мешавад.

Гуфта мешавад, панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Мувофиқи қуръакашӣ дар рӯзи аввали мусобиқаи тими Тоҷикистон аз бозӣ озод буда, дар ҷуфти дигар дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон пагоҳ, 14 май бо тими Қирғизистон бозии аввали худро мегузаронад.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқа интизориҳои хешро чунин баён кардааст:

Зайниддин Раҳимов
Сурат: ФФТ

“Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ аз аввали сол ба ҳисоб меравад. Моҳи феврал мо дар Ҷоми рушд дар Минск ширкат кардем ва як рӯз пеш аз Скопйе баргаштем, ки онҷо дар доираи мусобиқаи рушди УЕФА се бозӣ анҷом додем. Дар чорчӯби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мо чор бозии хуб мегузаронад. Ин мусобиқа яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо аз натиҷа вобаста нахоҳем буд, аз як бозӣ ба бозии дигар омодагӣ мегирем”.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Ҷадвали мусобиқа

Даври 1-ум

13 май (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.