Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон се шоҳмотбози Тоҷикистон меъёрҳои унвони устоди байнулмилалиро иҷро карданд.
Дар мусобиқа байни занон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 имтиёз гирифта, тавонист, ки меъёри Устоди байнулмилалиро байни занон (WIM) иҷро кунад.
Дараҷаи устодии FIDE-ро инчунин Ҷалолиддан Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола низ иҷро карда, дар ҳисоби шахсӣ дар 9 бозӣ ҳар кадоме 6 хол ба даст оварданд.
Дар даври охири Олимпиада мунтахаби мардон ва занони Тоҷикистон бозиро мутаносибан бо Ирландия ва Боливия мусовӣ - 2:2 анҷом доданд.
Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби мардони Тоҷикистон байни 186 даста зинаи 67-ум ва мунтахаби занон миёни 162 даста - мақоми 77-умро ишғол намуданд.
Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон бори нахуст дастаи Ӯзбекистон ғолибият ба даст оварда, зинаи дуюму сеюмро Арманистон ва Ҳиндустон касб карданд.
Мунтахаби Ӯзбекистон ягона дастаест, ки ягон бозии Олимпиадаро дар Ҳиндустон набохтааст.
Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон 28 июл оғоз гардида, имрӯз ба охир мерасад.