Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар Туркия ҷараён дорад, варзишгарони Тоҷикистон 4 медал - 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук - мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ - бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра шуд.
Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд.
Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.
Гуфта мешавад, бозиҳо то 18 август идома меёбад. Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 177 медал (63 тилло, 63 нуқра, 51 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 28 медали тилло, 23 нуқра, 27 биринҷӣ (78 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 21 медали тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ (35 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.