Имшаб, 2-уми октябр, дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёи-2023/24 дар гурӯҳи “Е” байни дастаҳои “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бозӣ соати 23:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и АрРиёз доир мегардад.
Дар рӯйхати эжҳтимолии бозигароне, ки ба ин бозӣ даъват шудаанд номи Криштиану Роналдо, ситораи футболи ҷаҳон ва узви тими Португалия низ зикр мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки 19-уми сентябри бозии даври аввали марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионхои Осиёи-2023/24 байни дастаи футболи “ Истиқлол” –и шаҳри Душанбе ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ки бо натиҷаи мусовии 0:0 ба анҷом расид.
Айни ҳол, дар гуруҳи “Е” дастаи “Ан-Наср” бо касби 3 имтиёз садрнишин аст. Дастаҳои “Ад-Дувайл” ва “Истиқлол” бо 1 имтиёзӣ мақомҳои дуюму сеюмро ишғол кардаанд. Дастаи “Персеполс”-и Эрон бошад бидуни имтиёз дар мақоми охирин ҷой гирифтааст.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Арабистони Саудӣ ба ҳазор кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100 кӯмак мекунад
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 сол зиндонӣ мекунанд
ICB фоизи қарзҳо барои тиҷоратро паст намуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста