Ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар дараҷаи вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Португалия ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Дар қувваозмоии аввал Абубакр Шеров бар варзишгари амрикоӣ, дар рақобати дуюм - бар намоянаи Бразилия ва дар даври чаҳорякфинал - бар гӯштингири Украина дастболо шуд.

Дар даври нимфиналӣ Абӯбакр аз намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрда, барои ишғоли ҷойи сеюм варзишгари Ҷопонро мағлуб кард.

Дар ҳамин дараҷаи вазн варзишгари дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев бар ду ҳарифаш дастболо шуда, дар қувваозмоӣ барои роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ ба шикаст дучор шуд.

Қаблан дар рақобатҳои даврҳои аввал дар дараҷаи вазни то 66 кг Фазлиддин Садриддинзода низ мағлуб шуда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон дар шаҳри Одивелаши Португалия рӯзи 7 октябр ба итмом мерасад. Дар ин рӯзҳои боқимонда варзишгарони зерини тоҷик ба рақобат мепардозанд:

Муҳамадджон Абдуҷалилов (-81 кг);

Сайфиддин Сайфиддинзода (-81 кг);

Сомон Кишваров (-90 кг);

Умедҷон Раҷабов (-90 кг);

Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг);

Иброҳимджон Элмуродов (+100 кг).

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон Тоҷикистон ба дарёфти ду медали тилло ва ду биринҷӣ ноил гардидааст.

Соли 2017 дар Загреб Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни то 100 кг ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд.

Соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 2022 дар ҳамин дараҷаи вазн Нуралӣ Эмомалӣ комёбии Сомонро такрор карда, медали дуюми тиллоро барои дастаи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.