Тими миллии Тоҷикистон дар рақобати охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз мунтахаби Панама шикаст хӯрда, имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдиро аз даст дод.
Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Бухоро баргузор гардида, бо натиҷаи 8 бар 3 ба фоидаи Панама хотима ёфт. Голҳои Тоҷикистонро Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов ва Идрис Ёров вориди дарвозаи рақиб карданд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар аввалин иштироки худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал дар се бозӣ мағлуб гардида, бидуни ба даст овардани имтиёз ин мусобиқаро тарк кард. Миллипӯшони тоҷик дар ин мусобиқот дар гурӯҳи "Е" ҳамроҳ бо мунтахабҳои Марокаш, Пуртуғол (Португалия) ва Панама қарор доштанд.
Мунтахаби кишвари мо дар нахустин рақобати худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал дар баробари Марокаш бо ҳисоби 2 бар 4 шикаст хӯрд. Дар бозии дуюм Тоҷикистон бо қаҳрамони футзали ҷаҳон ва Аврупо тими миллии Пуртуғол рақобат кард ва бо натиҷаи 2 бар 3 бозиро бохт.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ин ду нокомӣ футзалбозони тоҷик имкони баромадан ба марҳилаи ҳазфӣ аз миёни чор тими беҳтарини зинаҳои сеюмро доштанд. Аммо барои ин онҳоро лозим буд, ки Панамаро ҳадди ақал бо таносуби ду тӯб шикаст диҳанд ва ду дастаи зинаҳои сеюм аз гурӯҳҳои дигар нисбат ба мо натиҷаи бадтаре ба даст биёранд.

Панама бо вуҷуди мағлуб кардани Тоҷикистон бо натиҷаи бузург натавонист ба марҳилаӣ 1/8 ниҳоӣ роҳ ёбад.
Аз ҳамсоякишварҳои мо дар Ҷоми ҷаҳони футзал танҳо ба Афғонистон имкон даст дод, ки аз гурӯҳ ба даври дигар роҳ ёбад. Мизбони мусобиқа мунтахаби Ӯзбекистон бо як мусовӣ ва ду бохт аз мусобиқа канор рафт.
Ҳамзабонони мо аз Эрон бошанд, бо пирӯзӣ дар се набарди худ аз зинаи якум ба 1/8 финал рафтанд.
Бояд гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро, Тошканд ва Андиҷон ҷараён дорад.
Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 32 даста ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб шуданд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаҳои финалӣ роҳ ёфтанд.
Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок кард. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста