Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои миллии то 23-сола (U-23) Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрда, роҳхат ба марҳилаи асосии ин мусобиқаро аз даст дод.
Рақобати дастаҳои олимпии футболи Тоҷикистону Сурия шоми рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи дастаи меҳмон анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳи “К”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Филиппин бо натиҷаи 4:0 Непалро ноком кард.
Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ танҳо тими миллии олимпии Сурия бо ғалаба дар ҳамаи бозиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпӣ 34 даста ширкат карда, дар 11 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза бурданд. Баъди анҷоми марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор тими беҳтарини зинаҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки аз 7 то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегрдад, роҳхат гирифтанд.
Аз миёни кишварҳои ҳамсояи мо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста