Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ситоди нави мураббиёни тими миллии кишварро тасдиқ кард. Сармураббии даста Горан Стеванович, мутахассиси 58-сола аз Сербия таъин шуд. Ӯ корномаи зиёд дошта, ҳам дар Аврупо ва ҳам дар берун аз ҳудуди он кор кардааст.

Ба ситоди мураббиёни Горан Стеванович, ду ҳамватани ӯ шомиланд. Радмило Азанияс, ёвари сармураббӣ, ки қаблан дар тимҳои Қазоқистон ("Тараз", "Атирау") фаъолият доштааст ва Милан Павлович, ёвари дуюм, ки пештар дастаҳои Сербия, Чин ва Юнонро тамрин додааст.

Ҳамчунин, Алифбек Беромов, сармурабии тими "Барқчӣ" ба Стеванович кумак мекунад. Алишер Тӯйчиев бошад сармураббигӣ ба дарозабононро идома медиҳад.

Акс аз ФФТ

 

Капитане, ки ба дастаи "Интер" гол задааст

Стеванович замоне, ки футбол бозӣ мекард, ҳамроҳ бо ситораҳое чун Сречко Катанетс ва Предраг Миятович дар ҳайати тими "Партизан"-и Белград ҳунарнамоӣ мекард.

Дар мусобиқаҳои Ҷоми УЭФА ӯ ба ҳайси капитан дастаро муқобили "Интер"-и Милан ба майдон бароварда, ҳатто ба дарвозаи Валтер Дзенги гол зада, тимҳои Клинсман ва Матеусро шикаст додааст.

Баъдан, дар ҳайати "Осасуна"-и Испания, сипас дар Португалия ва Юнон бозӣ карда, дар мунтахаби Югославия ҳамагӣ 1 бозӣ гузаронидааст. Ӯ дар хотирҳо ҳамчун яке аз бозингарони маъруфи "Партизан" боқӣ мондааст.

 

Оғози фаъолияти сармураббигӣ

Таҷрибаи аввалро ба сифати ёвар дар дастаҳои Сербия, сипас мунтахаби Сербия ва Черногория андӯхтааст. Ду сол дар "Партизан" ба Славиш Йоканович ёварӣ карда, баъдан мустақилона дастаро ба роҳбарӣ гирифт ва қаҳрамони Сербия шуд.

Ин дастовард ӯро ба сатҳи нав бароварда, роҳашро ба сӯйи футболи байналмилалӣ боз кард.

 

Таҷрибаи африқоӣ. Пирӯзӣ ва моҷаро

Соли 2011 Стеванович ба дастаи миллии Гана даъват шуд. Ӯ дастаро ба нимфинали Ҷоми миллатҳои Африқо бароварда, дар он Гана аз қаҳрамони оянда — Замбия мағлуб ва баъдан дар бозӣ барои ҷои сеюм аз Малӣ шикаст хӯрд.

Сарфи назар аз касби ҷойи чорум, федератсия ин натиҷаро нокомӣ арзёбӣ карда, мутахассиси Сербияро аз вазифа озод намуд. Рафтани ӯ моҷарои зиёдеро дар пай дошт. Стеванович дар бораи ихтилофоти дохилӣ ва "маросимҳои сеҳру ҷоду" ҳарф зада, ҷуброн талаб мекард.

Кор то ба додгоҳ кашида шуд, вале таҷрибаи кори ӯ дар Африқо аз ӯ як мутахассиси тобовартар сохт.

Акс аз hotsport.rs

 

Аврупо ва Осиё. Тағйирот ва бозгашт

Пас аз Гана, Стеванович дар Юнон кор карда, сипас ба Чин рафт ва дастаи "Синдао"-ро тамрин дод. Баъдан ба Сербия баргашта, роҳбарии "Напредак"-ро ба уҳда гирифт. Дастаҳои ӯ бозии хуб, вале ноустувор нишон медоданд, ки ба ин мушкилоти молиявии дастаҳо ва давраи пандемия таъсир мерасонданд.

Соли 2021 ӯ сармураббии тими ҷавонони Сербия (U-21) таъин шуд. Ҳарчанд даста дигар имкони роҳ ёфтан ба мусобиқоти қаҳрамонии Аврупоро надошт, зери роҳбарии ӯ дар чор бозӣ, аз ҷумла бозии шоиста муқобили Фаронса 7 имтиёз ба даст омад.

Аммо дар вохӯриҳои дӯстона даста ноком шуд — шаш бозии бе ғалаба, аз ҷумла бохти 0:4 аз Русия.

Охирин ҷойи кораш "Напредак" дар дивизиони дуюми Сербия буд, ки дар он ҷо Стеванович натавонист дастаро ба мавқеи пешсафон барорад.

Тақрибан як сол ӯ бе даста монда, таъиноташ ба Тоҷикистон барояш имкони бозгашт ба сатҳи ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

 

Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Барои Тоҷикистон ин имконест ҷиҳати дарёфти роҳбаре, ки метавонад дар шароити душвор кор кунад ва бо бозингарони гуногун забон ёбад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар фаъолияти ӯ саҳифаҳои баҳсбарангез низ буданд. Вал дар баробари ин ӯ таҷрибаи мусобиқаҳои бузург ва пирӯзиҳо дар сатҳи тимҳоро низ дорад. Маҳз ҳамин чиз барои дастаи миллии Тоҷикистон зарур аст, ки орзу дорад худро дар қатори дастаҳои пурқуввати Осиё мустаҳкам созад.

Барои худи Стеванович кор дар Душанбе як имтиҳон ва имкониятест, то исбот намояд, ки ӯ метавонад на танҳо иштирокчӣ, балки ғолиб ҳам бошад.

Дар пеш бозии навбатии интихобии Ҷоми Осиё-2027 қарор дорад, ки Тоҷикистонро санҷиши ҷиддӣ интизор аст. Маҳз ҳоло мухлисон ҳақ доранд аз мураббии нав ғояҳои тоза, интизоми устувор ва устувории деринтизорро талаб кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.