Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё-2, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон тими “Аз-Завра”-и Ироқро шикаст дод.
Набарди дастаҳо шоми 22-юми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Ҳарчанд, аввалин шуда дар дақиқаи 4-уми бозӣ футболбозони меҳмон ба задани гол даст ёфтанд, аммо бозигарони дастаи “Истиқлол” дар дақиқаҳои 20 ва 84-ум бо голҳои задаи Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Комолафе натиҷаро 2 бар 1 ба фоидаи худ карданд.

Ҳамчунин, дирӯз дар бозии дигари гурӯҳи “D”-и мусобиқа, ки “Истиқлол” ҳам шомили он аст, дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сафар тими “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 ноком кард.
Ҳамакнун, пас аз 3 даври рақобатҳо “Ан-Наср” бо доштани 9 имтиёз дар гурӯҳи “D” садрнишин аст. “Истиқлол” пас аз ғалабаи имрӯза, шумораи холҳояшро ба 6 адад расонида, дар зинаи дуюм қарор гирифт. Дастаи “Аз-Завра” дар ҷои 3-юм ва “Гоа” дар мақоми 4-ум қарор доранд.
Дар бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2, “Истиқлол” дар сафар бо “Аз-Завра” вохӯрда, “Ан-Наср” дар майдони худ бо “Гоа” дидор анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ 2 дастаи аввал ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд.
“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок кунад.



