«Точиксодиротбонк»: Аз руи қарзҳои додашуда соҳаи соҳибкори дар чои аввал аст
14:44, 9 июн, 2008Муаллиф: Турко Дикаев
Кӯлоб: 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар 5 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба ҳамаи самтҳои фаъолияти қарздиҳӣ 7 млн. 277 ҳазору 758 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Абдукарим Неъматов, сардори шӯъбаи бонк, иттилоъ медиҳад, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст. Ба қавли ӯ, афзоиши нишондиҳандиҳандаи ҳаҷми қарздиҳӣ ба механизми нави сармоягузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ марбут аст. «Ба 22 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ, ки дар 1 ҳазору
501 га
кишти пахта мегузаронанд, аз 3 млн. 916,5 ҳазор сомонии қарзи талабшуда аллакай 2 млн. 445 ҳазору 696 сомониаш ба хоҷагиҳо дода шудааст», - идома дод манбаъ ва афзуд, ки сарчашмаи воситаҳои мазкур асосан пасандозҳои аҳолӣ мебошанд». А.Неъматов ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷиҳати ҳаҷми қарздиҳӣ соҳаи кишоварзӣ дар мақоми дуввум (36,5%) аст. «Мақоми аввалро қарздиҳӣ ба соҳаҳои соҳибкории хурду миёна ишғол мекунад, ки ба он аз оғози сол 3 млн. 688 ҳазору 290 сомонӣ (50,7%-и ҳамаи қарзҳои хурд) маблағ ҷудо гардидааст, - гуфт А.Неъматов. – Ба сохтмончиён, роҳсозон, коргарони соҳаи саноат ва муҳоҷирони меҳнатӣ 13%-и қарзҳо ихтисос дода шудааст».
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста