Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»
- «Сохтмони нер
ӯ
гоҳи обии «Сангт
ӯ
да-1» самараи хуби ҳамшарикии стратегии То
ҷ
икистону Русия аст ва чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт», - изҳор дошт имрӯз дар маросими ба истифода супоридани агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, чун дар дигар кишварҳо дар Тоҷикистон низ бахши энергетика яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди кишвар маҳсуб мегардад ва бидуни рушди он таъмини пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигар ғайриимкон аст.
«Аз ин рӯ, бунёди иншооти энергетикӣ ба сифати мақсади афзалиятноки умумимиллӣ қабул гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард», - таъкид сохт сарвари давлат.
Э.Раҳмон бори дигар ёдрас кард, ки барои Тоҷикистон ҳиссиёти худкомии (эгоизми) миллӣ бегона аст. «Зимни татбиқи чунин лоиҳаҳо мо манфиатҳои минтақавии кишварҳои ҳамсояро низ ба назар мегирем ва таъмини сохторҳои иқтисодии ин кишварҳо бо нерӯи барқи арзон низ яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад», - изҳор дошт ӯ.
Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистону Русияро анъанаҳои дӯстиву ҳамкории таърихӣ ба ҳам мепайвандад. «Мо ҳамеша дар солҳои нахустини душвори истиқлолият дастгирии бародарони русро ҳис мекардем», - гуфт ӯ.
Э.Раҳмон аз афзоиши сатҳи ҳамкории иқтисодии кишварҳо ёдовар шуда, қайд кард, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар панҷ соли охир панҷ маротиба зиёд гардидааст.
«Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бозгӯи мантиқии шарикии стратегии То
ҷ
икистону Русия аст, - таъкид кард сарвари давлат.
Президенти ҶТ аз сохтмончиёни иншоот хоҳиш кард, ки ҷиҳати то охири соли ҷорӣ пурра ба истифода додани нерӯгоҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳои Русия, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» иштирок карданд, даъват ба амал овард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» низ саҳм гузоранд.



Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста