Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат рафт ва ният дорад, дар он ҷо аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ намояд.

            Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки президент аз хоҷагии деҳқонии «Саидраҳмон»-и ҷамоати «Баҳор»-и ноҳия боздид карда, бо ҷараёни корҳои кишоварзон ва рафти кишти такрорӣ аз нздик шинос шуд. Ба иттилои манбаъ, айни замон Э.Раҳмон дар боғи «Ориёно»-и ҷамоати Чиртак аст.

Дар нимаи дуввуми рӯз сарвари давлат дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ ширкат хоҳад варзид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар семинар масоили истифодаи самараноки замин, афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва оқилона гузаронидани кишти такрорӣ муҳокима хоҳанд гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, ба иштирокдорони семинар дастуру тавсияҳои Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ ва Раёсати илмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба «Гирифтани ҳосили дуввум ва истифодаи самараноки заминҳои обӣ»пешниҳод мегарданд. Да доираи баргузории семинар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардида, иштирокчиёни семинар аз корхонаи паррандапарварии «Наврӯз» боздид крда, бо таҷрибаи пешқадами тарзи фаъолияти корхона аз наздик ошно хоҳанд гашт.