Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд. Муовини сардори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд Ренат Атабиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо нӯҳ нафар фарзанди шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ки қаблан ба вилояти Суғд омада, дар ин ҷо ба синни балоғат расидаанд. «Онҳо дархост кардаанд, ки ба онҳо чун ба волидайнашон мақоми гуреза дода шавад, то онҳо имкон пайдо кунанд, дар барномаҳои гуногун, аз ҷумла барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯчонидани оилаҳои афғон ба Канада ҳуқуқи иштирок кардан дошта бошанд», - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Р.Атабиев, феълан дар вилояти Суғд 56 оилаи афғон зиндагӣ доранд, ки аз 163 нафар иборатанд ва танҳо ба 29 оила мақоми расмии гуреза дода шуда, 14 оилаи дигар иборат аз 21 нафар шаҳодатномаи гурезаи муваққатиро соҳиб шудаанд.

Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Афғонистон дар бозорҳои Хуҷанд асосан бо тиҷорат машғуланд ва яке аз бозорҳои ғизоӣ миёни мардум бо номи «афғонбозор» маъруф шудааст.