Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Вазорати корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон маросими имзои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷ умҳуриии То ҷ икистон ва Ҳукумати Япония тариқи мубодилаи ёддоштҳо дар бораи татбиқсозии лоиҳа оиди беҳсозии обтаъминкунии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон баргузор шуд. Санадро Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ ва Кордори Сафорати Япония дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ёшихиро Накаяма имзо карданд.

Мувофиқи лоиҳа Ҳукумати Япония ба Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон дар ҳа ҷ ми 955 млн. иен (8,8 мл доллари ИМА) грант ҷ удо мекунад. Маблағҳои грант аз таърихи ба имзо расидани Созишнома дар се марҳила ҷ удо гардида, барои хариди молҳо, и ҷ рои корҳо, хизматрасон ӣ ва сотхмони иншоотҳои нави обтаъминкун ӣ истифода бурда мешаванд.

Ан ҷ оми бомуваффақияти лоиҳа, ки мувофиқи нақша бояд моҳи марти соли 2011 сурат бигирад, ба аҳол ӣ фоидаи зиёд оварда, дастрасии мардумро ба оби тоза ва босифати ошомидан ӣ таъмин мекунад, барои саломатии сокинон, рушди устувори кишоварз ӣ ва дар ма ҷ м ӯ ъ ба пешрафти минбаъдаи ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.