Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишвоарзии Тоҷикистон Музаффар Мирзоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки вазорат барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз Русия ба маблағи беш аз 86 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли асал дастрас кард.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии ҳукумат соли равон 601 оилаи занбӯри асал харидорӣ гардида, дар натиҷаи нигоҳубини хуби Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» он ба 1 ҳазору 327 адад расид. Дар маҷмӯъ, дар ҳафт иттиҳодияҳои занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то 119 ҳазор оилаи занбӯриасал мавҷуд буда, истеҳсоли асал дар нимсолаи аввал беш аз 280 тоннаро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар ҳукумат оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли асали «Тоҷикистон-Қатар-асали» қарор қабул кард ва айни замон санадҳо ва заминаи ҳуқуқии ташкили он таҳия мегарданд.
«Тибқи қарордод, дар марҳилаи аввал давлати Қатар ният дорад, ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 2 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд, - идома дод ӯ. - Мо дархост намудем, ки таҷҳизоти махсуси олмонии истеҳсоли асал харидорӣ карда шавад, зеро ба воситаи он сифатнокӣ ва таркиби маҳсулот дақиқ мушаххас мегардад».
Вай баён дошт, ки таҷҳизоти номбурда имкон медиҳад, ки асали истеҳсоли Тоҷикистон аз рӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ баҳогузорӣ шуда, мутаносибан бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта шавад. «Айни замон асали истеҳсоли Тоҷикистон танҳо дар минтақаи Осиё Марказӣ бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад», - афзуд М.Мирзоев.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста