Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Вазорати маорифи Тоҷикистон муаррифии 10 номгӯи китоби дарсии нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мешавад.

Аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки китобҳо дар доираи татбиқи барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон нашр шудаанд. «Яке аз самтҳои асосии табиқи барнома нашр ва тақсими китобҳои дарсие мебошад, ки бар асоси дастовардҳои навтарини нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шудаанд», - изҳор дошт манбаъ.

Китобҳои таълимии тоза ба нақшаҳои таълимии мактабҳо ва меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯ буда, дар нашриётҳои «Собириён», «АВА», «Ксерокс Ленд», «Бахт», «Мавлавӣ ва «Матбуот» ба табъ расидаанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар доираи татбиқи Барномаи таҷдиди соҳаи маорифи Тоҷикистон 50 номгӯи китобҳои дарсии нав ба миқдори 4 млн. 217 ҳазору 500 адад нашр шудаанд, ки ҷиҳати чопи онҳо 4,7 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. Китобҳо ба макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шудааст.