Душанбе. 25 август.   ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Канада ба Ташкилоти ғайридавлатии шаҳри Душанбе «Тавозуни зиндагӣ» ҷиҳати дастгирии шахсоне, ки аз инфиҷори минаҳо захм бардоштаанд, ба андозаи 14 ҳазор доллари Канада ёрӣ расонд. Маблағи мазкур барои ифтитоҳи истироҳатгоҳи махсус барои маҷрӯҳон сарф карда мешавад. Истироҳатгоҳ барои 22 нафар пешбинӣ шуда, дар басти аввал 22 шахси маҷрӯҳшуда дар осоишгоҳи «Садбарг» табобат карда мешаванд.

Ҳукумати Канада барномаҳои тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ҷаҳонро маблағгузорӣ менамояд. Ҳукумати ин кишвар бо дастгирии Бунёди кӯмакҳои башардӯстонаи Швейтсария ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо муддати 10 сол ба Тоҷикистон барои безарар гардондани минаҳо кӯмак мерасонад.

Сафири Канада дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон хонум Маргарет Скок изҳор намуд, ки ҳукумати мамлакаташ фаъолияти ташкилоти «Тавозуни зиндагӣ» - ро ҷиҳати барқарор сохтани саломатии осебдидагон дастгирӣ менамояд.