Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи сиёсии рӯзномаи русиягии «Время новостей» Аркадий Дубнов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест.

«Кишварҳои боқимондаи созмон аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала ба хубӣ огоҳанд, зеро ин ду кишвар бо ҳам робитаҳои таърихиву фарҳангии муштарак доранд», - гуфт ӯ.

Дар мавриди шарҳи масъалаи баррасии қазияи Осетияи Ҷанубиву Абхазистон дар нишаст коршиноси сиёсӣ чунин изҳори назар намуд, ки «яқинан, сарони кишварҳои узви СҲШ аз тарҳи Медведев-Саркозӣ, ки дар он оид ба эътирофи истиқлоли ин кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, пуштибонӣ хоҳанд намуд». Ба ақидаи А.Дубнов, дар нишасти мазкур ҳеҷ санад ё изҳороте оид ба вазъи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ қабул нахоҳад гардид.