Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хингоб ба имзо расид.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар рушди энергетика ва таҳқиқи заминаҳои иқтисодиву фаннии иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон зикр гардидааст.

Тибқи муқаррароти санад, ширкати чиноӣ дар сурати ҳалли масъалаи маблағгузории сохтмони иншоот таҳияи лоиҳа ва бунёди нерӯгоҳро ба зимма мегирад.

«Маблағи арзиши сохтмон пас аз омода сохтани заминаи иқтисодиву фаннӣ ва ташхиси минбаъдаи он дақиқан муайян карда мешавад, - изҳор дошт манбаъ. - Барои татбиқи муқаррароти ёддошт ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи заминаи иқтисодиву фаннӣ ва сохтмони нерӯгоҳ шартномаи ҷудогона хоҳанд баст».

Маълумотнома: Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод-2» 200 МВт буда, тавлиди ҳамасолаи нерӯи барқ дар он 740 млн. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.