Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -« ozodi . org » - Сарони кишварҳои узви СҲШ дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд.

Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри амнияти саросарӣ нест.

Ҳамчунин, дар ин Эъломия зикр шудааст, ки ба таҳдидҳои умумӣ бояд тариқи риояи бекамукости оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ муносибат шавад.

  Дар Эъломия омадааст, кишварҳои узви СҲШ аз   вазъи қаблан дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ ба вуқӯъ пайваста, изҳори нигаронӣ карданд ва хостори ҳалли қазия тариқи музокирот шуданд.

Кишварҳои узви СҲШ аз 6 меъёри танзими низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ истиқбол карда, аз нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳ ва ҳамкорӣ дар ин минтақа пуштибонӣ карданд.

Раисҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.