Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб санади Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард.

Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рисолати ҳизб дар санад бо якчанд нукта ифода гардидааст, аз ҷумла ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта аз нигоҳи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди демократия. «Нуктаҳои мазкур вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб мебошанд, ки бояд бо арзишҳои милливу мазҳабӣ ва умумиинсонӣ тавъам бошанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, чунин арзишҳо аз худшиносиву худошиносӣ, масъулиятшиносиву риояи бечунучарои қонун, адолату демократия ва некӯаҳволӣ ва каромати инсон иборатанд.

Ҳ.Сайфуллозода ҳамчунин қайд кард, ки барои татбиқи стратегияи мазкур дар сохтори ҳизб тагйиротҳо ба вуҷуд омаданд - шӯъбаҳои таҳлил ва барномарезӣ, иршоду таблиғ, ташкилӣ ва назорат, иқтисод, кадрсозӣ ва интихобот таъсис дода шуданд, ки марҳилаи аввали рушди ҳизб маҳсуб мегарданд.

«Барои расидан ба ҳадаф мо механизми мушаххаси амалисозии стратегияи мазкурро таҳия месозем», - гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки муқаррароти асосии санад зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.