Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти омории вазорати кишоварзӣ,   то 22 сентябри соли ҷорӣ   176 ҳазору 706   тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, дар як рӯз бошад,   8422 тонна, ки баробари 32,0   фоизи иҷрои нақшаи солона мебошад.

Кишоварзони вилояти Хатлон аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, то имрўз 138 ҳазору   999 тонна тиллои сафед ба хирмани ватан ворид намуданд, ки баробари 41,9 фоизи нақша мебошад.   Чиниши пахта дар як рӯз дар вилоят 5488 тоннаро ташкил медиҳад. Кишоварзони   ноҳияҳои     Ёвон 14392 тонна, Бохтар ба миқдори 13645 тонна, Восеъ 12329 тонна, Қубодиён 11879 тонна, Шаҳритӯс 9830 тонна пахтаи навъи маҳинах ҷамъоварӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва вилоят дар сафи пеш қарор доранд.

Дар вилояти Суғд низ имрӯзҳо чиниши пахта бо суръати баланд давом дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имруз 25693 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 14,9 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин маъракаи муҳим саҳми кишоварзони ноҳияҳои Конибодом   5744 тонна,   Мастчоҳ 5722 тонна, Ҷаббор Расулов   3379 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Хоҷагихои пахтакори ноҳияҳои тобеи марказ низ то имрўз   12014   тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ   намуданд.   Пахтакорони ноҳияҳои Ҳисор 4500 тонна, Турсунзода 3436 тонна, Ваҳдат ба миқдори 2090 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи ҷамъоварии пахта 224 ҳазору 641 нафар чинакчиён, аз   он ҷумла   187 ҳазору 709 нафар чинакчиёни хочагиҳо ва 36932 нафар ёрдамчиён   ба чиниши пахта машғул мебошанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.