Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия созишномаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ   ба имзо мерасад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи созишнома акнун бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандоне, ки барои кор ба вилояти Свердловск рахти сафар мебанданд, муташаккилона ба кор ҷалб карда мешаванд. «Дар шаҳри Душанбе шӯъбаи Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловск ифтитоҳ мегардад, ки он барои барӯйхатгирӣ, ба хориҷа фиристодан ва қабули муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат мекунад», - изҳор дошт манбаъ.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, 28 дарсади муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарордошта дар қаламрави вилояти Свердловск кору зиндагӣ мекунанд.