Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки мувофиқи нақша бояд нимаи ҳамин моҳ ба кор медаромад, дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад.

            Сабаби таъхири ба истифода додани агерегати саввумро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба он марбут медонад, ки «корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизот аз Русия таъмини дастгоҳу таҷҳизоти заруриро ду ҳафта дертар ба иҷро расонидааст».

Ба қавли ӯ, айни замон ҳудуди 95 дарсади корҳои омодагии насби агерегати саввуми нерӯгоҳ ба анҷом расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки агрегатҳои якум ва дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳҳои январ ва июни соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд. Ба истифода додани агрегати чаҳорум ахири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маълумотнома: Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.