Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон- Press » - Фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳри Кӯлоб, иборат аз 20 автобуси тӯҳфаи президент ба шаҳр борҳо мавриди танқид қарор гирифта шуда бошад ҳам, то ҳанӯз камфаолият аст.     

Муовини раиси ҳукумати шаҳр оид ба нақлиёт Исматулло Нусратов қайд кард, ки аз сабаби сафарбар шудани автобусҳо барои бурдани ёрдамчиён ба заминҳои пахта автобусҳо дар шаҳр аҳёнан пайдо мешаванд. Аммо раиси ҳукумати шаҳр аз боби зараровар будани ин автобусҳо барои буҷаи маҳал сухан карда, нопайдо будани автобусҳоро дар шаҳр сабаби бемасъулиятии роҳбарияти автобазаи нақлиёти мазкур эълом дошт. Раис мушахасан гуфт: «Саҳар автобусҳо ёрдамчиёнро ҳамагӣ ба масофаи 5 километр барои пахтачинӣ мебаранд ва баъдан ғайб мезананд.»

           Гуфта мешавад, бо чунин тарзи фаолият аз буҷаи маҳал ҳар моҳ барои мунтазам ҳаракат кардани нақлиёти мазкур 15000 сомонӣ ҷудо мешавад. Ин дар ҳоле, ки дар шаҳр даҳҳо нақлиёти шахсӣ ҳамарӯза ба мардум хизмат расонида, барои худ маош дарёфт мекунанд.