Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд.

            Тавре корманди Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон Абдулқосим Котибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳаи хурди мазкур дар доираи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон «Фондҳои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва зерсохторҳои ҷамоатӣ» аз ҷониби ин бунёд амалӣ гардид.

            Ба гуфтаи мавсуф, деҳаи Янгиобод бо аҳолии 1 ҳазору 486 нафар аз маркази ҷамоат ба масофаи 15 км ва аз маркази ноҳия ба масофаи 18 км дуртар воқеъ аст. «Дар ин деҳа як бунгоҳи тиббӣ дар вагон амал мекард, ки дар он як пизишку як хоҳари шафқат фаъолият доштанд», - гуфт ӯ. - Аз ин рӯ, сокинони деҳа аз дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ мушкилоти зиёд доштанд».

            А.Котибов афзуд, ки маркази тиббӣ бо тамоми шароитҳо таъмин карда шуда, бинои он бо системаи гармидиҳӣ ва утоқҳои муолиҷаи ҳама гуна бемориҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.