Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс»   - Рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Агар ду рӯз пештар барои 1 доллар 3,41 сомонӣ медоданд, пас имрӯз он аллакай ба 3,47 расидааст.

Қурби расмии доллар ба сомонӣ низ тағйир ёфтааст. Чанде қабл дар сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар муқобили $1 – 3,4170 дарҷ ёфта буд, имрӯз он ба 3,4190 баробар шудааст.

Дар Бонки Миллии Тоҷикистон ин вазъро чунин шарҳ доданд: чизи ғайриоддие рух надодааст, зеро қурби асъор чун нишондиҳандаи макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир аст ва мавҷудияти коҳиш миёни қурби расмӣ ва пули нақд падидаи маъмул аст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иқтисодчии тоҷик Пӯлод Насимов, айни замон бонкҳои ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд асъор надоранд, зеро интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар коҳиш ёфтаанд. «Бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар Русия асосан муҳоҷирони тоҷик бекор монда истодаанд ва дар натиҷа воридоти маблағҳо низ кам мешаванд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, ба ҷуз таъсири равандҳои муҳоҷират ба бӯҳрони асъор дар ҷумҳурӣ ҳамчунин коҳиши нарх ва талабот ба маҳсулоти асосии содиротии кишвар – алюминий ва пахта низ таъсир гузошт.

П.Насимов ҳушдор медиҳад, ки ин ҳанӯз оғози таъсири оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишвар аст ва таъкид сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии он бояд чораҳои таъҷилӣ андешад.

Иқтисодчӣ мӯътақид аст, ки барои таҳлили вазъи мавҷуда ҳукуматро зарур аст, дар низоми молиявӣ санҷиш гузаронад, то ба хориҷ баровардани сармояро коҳиш диҳад. «Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди асъор ба назар мерасад, баъзе шаҳрвандони мо барои ба хориҷа баровардани он зиёд кӯшиш мекунанд, - гуфт ӯ. – Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки «тоҷикони нав» пули бо арақи ҷабин коркардаи муҳоҷиронро барои харидани хонаву бӯстонсароҳо ва мошинҳои пурқимат дар кишварҳои дигар масраф месозанд».

П.Насимов афзуд, ки хориҷшавии асъори марбут ба харидани ашё дар хориҷи кишвар ва воридсозии чизҳои начандон зарурро мебояд кам кард.