Душанбе. 26-уми январ - Ба санаи 1.01.2009 даромадҳои ҶСК «Ориёнбонк» 19,7% афзун гардида, 196 583 714 сомониро ташкил намуданд. Активҳои бонк 1 099 272 341 сомонӣ ва бузургии сандуқи қарзӣ то 45% афзуда, ба 753 823 621 сомонӣ расиданд. Амонатҳо 674 648 839 сомониро ташкил намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ, фоидаи соф 8 941 919 сомониро ташкил намуд, ки ин 57% аз ҳамин давраи соли пешин камтар аст. Сабаби паст гардидани ин нишондиҳанда кам шудани воридшавии воситаҳои пулӣ дар нимаи дуюми соли ҳисоботӣ, дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозоргирии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.
Дар соли 2008 тавассути ҶСК “Ориёнбонк” аз хориҷи ҷумҳурӣ 566 717 343 доллари ИМА маблағ интиқол шудааст, ки он ба 107,19 %-и нақшаи солона (528 700 000 доллари ИМА) баробар мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2007 он ба маблағи 188 114 935 доллари ИМА ё ин ки 1,5 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста