Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иттилои имрӯз дар «Ъ» интишоршуда дар мавриди он ки гӯё ӯро ба Вазорати умури хориҷии Русия даъват карда бошанд, асоси воқеӣ надорад. «Ин рӯзнома ҳамеша вазъро муташанниҷ месозад, зеро маро касе ба ҷое даъват накардаасту чизе ҳам нагуфтааст, ҳарчанд фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик чунин хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Дар нашри имрӯзаи рӯзномаи «Коммерсантъ» гуфта мешавад, ки «Маскав нотаи Тоҷикистонро чун даъват ба муколама қабул надошта, онро рафтори густохонаву беасос арзёбӣ намудааст.

Тибқи иттилои «Ъ», шоми рӯзи сешанбе сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури дохилии Русия даъват карда шудаааст ва тибқи иттилои манбаъҳои рӯзнома аз сафорати Тоҷикистон, он ҷо гӯё сӯҳбати ногуворе сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ба А.Достиев гӯшрас кардаанд, ки шарҳи изҳороти шахсони аввали давлати хориҷӣ аз доираи риояи ахлоқи дипломатӣ берун меравад. «Гузашта аз ин, изҳороти мазкур муқобили кишвари дигаре равона нагрдидааст», - оварда шудааст дар иттилои рӯзнома.

Ёдрас мекунем, 26-уми январ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба кафили сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нота супурд ва дар он нисбат ба изҳороти ахири Президенти Русия Дмитрий Медведев дар Тошканд дар мавриди бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар кишварҳои болооби Сирдарё ва Амударё изҳори нофаҳмӣ кардааст.  

Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».

         Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақа - нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.