Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи ду моҳи соли равон 26 кишвари хориҷи дуру наздик ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 16 млн. 550 ҳазор $ кӯмаки башардӯстона расониданд.

            Тавре аз Кумитаи давлатии омори ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра ба кишвар ба маблағи 885 ҳазор $ орд, беш аз 1 млн. $ равғани растанӣ, 7 млн. 999,8 ҳазор $ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 260 ҳазор $ сарулибосу пойафзол ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои электронӣ ва компутару қисмҳои эҳтиётии он ворид гардиданд.

            Миёни кишварҳои мададрасон ба Амрико 51,8; Латвия – 12,3; Олмон – 9,7; Русия – 5,5 ва Қазоқистон – 3 дарсади кӯмаки башардӯстона рост меояд.