Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, чанде баъдтар сарвари давлат ба корҳои сохтмонии роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон, ки яке аз қисматҳои роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа» мебошад, ҳусни оғоз хоҳад бахшид.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.
Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026"
"10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт". Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста