Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар соли 2008 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми талафоти барқ ба миқдори 1,1 млрд кВт/соат афзудааст.

            Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, агар соли 1991 ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ 17 млрд. кВт/соатро ташкил дода бошад, пас соли гузашта он то 12,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфтааст. «Кам шудани ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноат марбут буда, агар соли 1991 барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти саноатӣ 10,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ хароҷот гардида бошад, пас соли 2008 он ҳамагӣ муодили 6,5 млрд. кВт/соат гашт», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ба миқдори 1,3 млрд. кВт/соат зиёдтар шуд. «Дар Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми истифодаи гази табиӣ дар муқоиса бо соли 1991 ба миқдори 1,3 млрд метри мукааб коҳиш ёфт», - афзуданд дар вазорат.