Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон кишти чигит оғоз ёфт.

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз нахустинҳо шуда кишоварзони вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз мавсими киштукори баҳориро шурӯъ карданд.

Ба иттилои манбаъ, имсол дар кишвар кишти пунбадона дар майдони 200 ҳазору 700 гектар гузаронида мешавад, ки 124 ҳазору 400 гектари он дар вилояти Хатлон мебошад ва дар ин вилоят аллакай дар масоҳати 6 ҳазору 219 гектар чигит кишт карда шудааст.

Ба қавли мутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Амрохон Ҳаитов, дар минтақа киштукор ҳанӯз 18-уми март аз хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб оғоз ёфта, сипас бо сабаби боришоти зиёд он то 24-уми март мавқуф гузошта шудааст.

А.Ҳаитов мегӯяд, то имрӯз аз майдони пешбинишудаи 33810 гектар кишти пунбадона дар панҷ ноҳия 600 гектари нахустин кишт шудаанд. «Дар мавсими киштукори соли 2009 заминҳои кишти пахта ба миқдори 600 гектар кам карда шуд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани киштукор техникаи кишоварзӣ омода аст.