Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Бинобар қатъи интиқоли газ аз ҷониби ҶСК «Тоҷиктрансгаз», корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе аз фаъолият бозмонда,чанде қабл беш аз 1000 нафар кормандони корхона ба рухсатии бемузд ҷавоб дода шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиксемент» Фазилат Сафарова иттилоъ дод, мақомоти раҳбарии корхона бо ирсоли мактуб унвонии ҳукумати кишвар дархост кардааст, ки бо назардошти вазъи душвори корхона бар асари бӯҳрони молӣ, дар фурсати наздиктарин интиқоли газро ба корхона барқарор созад. «Қарзи мо дар назди «Тоҷиктрансгаз» зиёда аз 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, вале мо алҳол имкон надорем, ки онро пардохт намоем, - гуфт ӯ. - Қаблан корхона бо пешпардохт газро дастрас мекард, вале айни замон имконоти молии мо каме заъиф гардида, инро бояд дар ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дарк намоянд».
Ф.Сафарова дар идомаи сӯҳбат гуфт, захираи маҳсулот танҳо барои якчанд рӯз басанда аст ва феълан корхона сохтмони иншооти стратегии ҷумҳурӣ чун нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғунро бо масолеҳи зарурии сохтмон таъмин месозад, ки ин ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо бетаъсир буда наметавонад.
Муовини раиси корхона афзуд, дар навбати худ як қатор корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои сохтмонии нерӯгоҳи «Роғун» аз «Тоҷиксемент» қарздоранд ва ҳалли масъалаи пардохти қарзи ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба он вобастагии зиёде дорад. «Рӯзҳои надик масъалаи пардохти маблағи қарзи корхона дар назди ҶСК «Тоҷиктрансгаз» роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард», - гуфт Ф.Сафарова.
Ёдрас мекунем, бинобар напардохтани қарз аз ҷониби Тоҷикистон «Узтраснгаз» шурӯъ аз дирӯз ҳаҷми интиқоли газ ба ҷумҳуриро то 6 ҳазор метри мукааб дар як соат коҳиш дод.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дода буд, зимни гуфтушунид, ки якчанд рӯз идома доштааст, ба намояндагони корхона муясссар гардидааст, ки ҷониби Ӯзбекистонро водор созанд аз комилан қатъ сохтани интиқоли газ ба Тоҷикистон даст кашанд ва феълан ҳаҷми пурраи гази воридмешуда
танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти корхонаи алюминии Тоҷикистон равона мешавад.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти раҳбарии «Узтрансгаз» қаблан изҳор дошта буд, ки дар сурати то 15-уми июн аз
ҷ
ониби То
ҷ
икистон пардохт нагардидани маблағи қарзи истифодаи газ, ки феълан 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, интиқоли онро ба
ҷ
умҳур
ӣ
пурра қатъ мекунад.



Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста