Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон мавсими қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба макотиби олӣ шурӯъ шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷа ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазоарти маорифи ҶТ Фатҳиддин Исмонов иттилоъ дод, соли равон макотиби олии ҷумҳурӣ омодаанд 28 ҳазор нафар донишҷӯёнро қабул созанд. «Сарфи назар аз 50 дарсад коҳиш додани шумори донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғайриомӯзгорӣ, шумори ҷойи таҳсил дар макотиби олӣ кам карда нашуд, зеро дар аксари онҳо шӯъбаҳои нав кушода шуданд», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи номбурда, соли ҷорӣ барои таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавӣ зиёда аз 11 ҳазор ва гурӯҳҳои шартномавӣ ҳудуди 17 ҳазор ҷойи таҳсил пешбинӣ шудааст. «Имсол синфи 11-и макотиби таҳсилоти умумии кишварро 84 ҳазору 309 хонанда ва синфи 9-умро 153,7 ҳазор нафар толибилмон хатм карданд», - афзуд ӯ.