Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд шоми рӯзи 21 август дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мусобиқа бо вохӯрӣ байни тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд. Дар ҳайати тими “Спартак” набераи Президенти Тоҷикистон, Анӯшервони Рустам, писари раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бозӣ кард.

Маҳз ӯ дар дақиқаҳои аввали бозӣ бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард.

1/7

Гуфта мешавад, бозӣ бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфта, 5 тӯб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди анҷоми бозии футбол Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.