Дар шаби аввали даъвати тирамоҳӣ ба артиши Тоҷикистон хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди истгоҳи Сирки пойтахт мавриди амалиёти “облава” қарор гирифт.
Шаби 1-уми октябр, тақрибан соати 22:00 ашхоси ношинос бо либоси мулкӣ ӯро ба “микроавтобуси хатсайри 33” савор карда, ҳамроҳи дигар ҷавонони гирифтори “облава” ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бурданд. Хабарнигори Asia-Plus тавонист аз дохили ин мусофиркаши хурди “Mercedes-Benz Spriter” пахши мустақими видеоиро дар Facebook роҳандозӣ кунад.
Зимни гирифторӣ ба “облава” чӣ гуна бояд рафтор кард? Дар навори зер Абдуллоҳ Ғурбатӣ андешаю тавсияҳои худро иброз медорад.
“Ба онҳо гуфтам, ки айни ҳол бо худ ҳуҷҷати донишҷӯйӣ надорам ва маълумотномаи рӯзноманигориамро нишон додам. Аммо гуфтанд, ки ин ба дард намехӯрад ва бе ҳуҷҷати донишҷӯйӣ озод намешавӣ. Ягона фикре, ки ба сарам омад, оғози пахши мустақим аз дохили микроавтобус дар шабакаи иҷтимоии Facebook буд ва маҳз ҳамин видео сабаб шуд, ки маро ба утоқи алоҳида бурданд”, - мегӯяд Абдуллоҳ.
Кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе танҳо баъди поксозии ин видео аз саҳифаи шахсии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Facebook ӯро озод карданд. Аммо то он замон корбарони шабакаи иҷтимоӣ ин видеоро аллакай боргирӣ ва дар торнамою сафаҳоти гуногун бознашр карданд.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ, бо озод шудани ӯ набояд ин қазия ба ҳошия равад: “Ин мавзӯъ ҳатман бояд баррасӣ шавад ва хусусияти оммавӣ пайдо кунад, то мақомот аз шеваи “облава” дигар кор нагирад, чун воқеан, ин таҳқир аст. Як нафарро аз кӯча бидуни огоҳӣ ва хоҳиши худаш мебаранд ва як муддат дар боздошт нигоҳ медоранд”.
Мақомот аз шарҳи боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба Asia-Plus гуфтанд, ки ҳеҷ гуна амалиёти “облава” дар шаҳри Душанбе бурда намешавад ва онҳо аз ин қазия огаҳӣ надоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Душанбинец3 октябр, 2019 15:01
Позор а правительство твердит что нет облавы. У нас и без облавы достаточно призывников.один раз проверьте как жевут работники военкоматов на такуй мизерную зарплату по несколько домов и машын имеют заработанных на облаве