Имрӯз, 28-уми январ бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории “коронавирус”, ки дар кишвари Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон аз ҷониби вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида мешаванд.

Тибқи супориши қатъии президент, ниҳодҳои дахлдор бори дигар вазифадор карда шуданд, ки зимни гардиши молу мавод дар сарҳад, нуқтаҳои марзии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин беморӣ зери назорати қатъии сохторҳои масъул қарор дода шаванд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони дигар сохторҳи дахлдор иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.