Видеобарномаи инҳафтаинаи “Ахбор Plus” фарогири мавзӯъҳои зерин аст:

- 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳро бо сафороии низомӣ таҷлил карданд. Дар остонаи ин ҷашн мо аз қисми ҳарбии таъиноти махсус боздид карда, фаҳмидем, ки чаро бисёриҳо хизмат дар ин қисми низомиро орзу мекунанд.

- Тахриби кохи пешини раисҷумҳур дар Душанбе: кӣ тарафдор ва кӣ мухолиф?

- Суҳбати ошкоро бо зане, ки сирояти ВНМО дорад. Чаро наметарсад, ки дар ин бора озодона сухан гӯяд?

- Хонаҳои наву қубурҳои кӯҳна: танқисии сокинони пойтахт аз норасоии оби ошомиданӣ.

- Журналистони мо дар Душанбе ниҳол шинонданд. Ин маърака бахшида ба 25-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” баргузор шуд.

Ин ва дигар мавзӯъҳо дар барномаи ҷамъбасти ҳафта бо хабарнигорони “Азия-Плюс”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.